Муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Қирғизистон

27.06.2021 05:10

Робитаҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон 14 январи соли 1993 барқарор гардидааст.

Соли 2002 дар Бишкек Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон кушода шуд. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон Ализода Назирмад мебошад.

Аз соли 1997 Сафорати Ҷумҳурии Қирғизистон дар Душанбе фаъолият мекунад.

Муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар руҳияи дӯстии анъанавӣ ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд рушду таҳким меёбанд.

Миёни кишварҳо зиёда аз 159 шартнома ва дигар санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расидааст, ки заминаи муносиби ҳуқуқиро барои рушду тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, фарҳангию, гуманитарӣ ва ғайра фароҳам овардааст.

Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон 12-13 марти соли 2025, ки зимни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қирғизистон ба имзо расидааст, як марҳилаи муҳим дар таърихи муносибатҳои дуҷониба маҳсуб меёбад.

Санадҳои асосии танзимкунандаи самтҳои муҳимми ҳамкорӣ, инҳо мебошад:

  • Созишнома дар бораи муносибатҳои байнидавлатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон (12 июли соли 1996);
  • Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба муносибатҳои ҳамсоягии нек ва шарикӣ (26 майи соли 2004);

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон мунтазам сафарҳои давлатӣ, расмӣ ва корӣ анҷом медиҳанд.

Аз замони Истиқлолият (1991-2026) 2 сафари давлатӣ, 8 расмӣ ва 15 сафари корӣ сурат гирифтааст.

Сафарҳои расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Қирғизистон  солҳои 1993, 1998, 2007, 2013 ва сафари давлатӣ моҳи марти соли 2025 баргузор гардидааст.

Сафарҳои расмии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 1996, 2004, 2018, 2021 ва сафари давлатӣ моҳи июли соли 2025 баргузор гардидааст.

Робитаҳо байни вазоратҳои корҳои хориҷӣ мунтазам фаъол гардида, дар сатҳи роҳбарияти вазорату идораҳои дахлдор низ машваратҳо ва вохӯриҳо баргузор карда мешаванд.

Дар чаҳорчӯби Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба баррасии масъалаҳои дуҷониба, ки 12 июли соли 1997 таъсис ёфта буд, масъалаҳои ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ мегардад.

То имрӯз 16 ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ баргузор шуд. Зимнан, бо назардошти густариши ҳамкориҳои дуҷониба бо дастури сарони давлатҳо соли 2025 он ба Шурои байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон табдил дода шуд, ки зери раёсати Сарвазири Тоҷикистон ва Раиси Девони вазирони Қирғизистон баргузор мешавад. Ҷаласаи нахустини Шуро 13 феврали соли 2026 дар шаҳри Бишкек доир гардид.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, гардиши мол миёни ду кишвар дар соли 2025 ҳамагӣ 33,1 миллион доллари ИМА-ро ташкил дода аст.

Рушди робитаҳои фарҳангиву гуманитарӣ низ дар муносибатҳои дуҷониба аҳамияти муҳим доранд. Барои таҳкими робитаҳои фарҳангӣ ва дӯстии мардумон дар кишварҳо мунтазам рӯзҳои фарҳангӣ гузаронида мешаванд.

Аз 17 то 22 майи соли 2026 Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор шуд. Дар доираи он дар шаҳрҳои Бишкек ва Чолпон-Ата барномаи ғании фарҳангӣ, аз ҷумла намоиши филмҳои тоҷикӣ, намоиши мусаввараҳо барномаи ҷолиби консертӣ бо иштироки намояндагони фарҳанги Тоҷикистон доир гардид.

Рушди ҳамкориҳо дар бахши сайёҳӣ байни ду кишвар дар сатҳи баланд қарор дорад. Дар соли 2025 бошад зиёда аз 137 000 шаҳрванди Қирғизистон аз Тоҷикистон боздид кардаанд.

Ду кишвар дар доираи СММ, ИДМ, СҲШ, СААД, САҲА, СҲИ ва МҲТБО ҳамкории фаъол дошта, ҷонибдори таҳкими ҳамкории минтақавӣ ва равандҳои ҳамгироӣ мебошанд.

 

Нигористон

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақвим