18 январи соли 2024 мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Абдураҳмон бо раиси Милли Маҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон Саҳиба Ғафарова баргузор гардид.
Ҷонибҳо дар мавриди вазъи феълӣ ва рушди баъдии равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Озарбойҷон, инчунин дурнамои таҳкими ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои мухталиф тавассути абзорҳои байнипарлумонӣ табодули афкор намуданд.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои танзими сафарҳои мутақобил ва тақвияти тамосҳои корӣ байни кумитаҳо, гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ ва комиссияҳои парлумонҳои ду кишвар муҳокима шуданд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan