Муовини вазири корҳои хориҷӣ

30.01.2024 09:19

САЛИМ ФАРҲОД

Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

525555.jpg

30 апрели 1975 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Рутбаи дипломатии фиристодаи фавқулода ва мухтори дараҷаи I дорад.

Маълумот:

Солҳои 1992-1993 – донишҷӯи Донишгоҳи давлатии ш. Кӯлоб;

Соли 1998 – хатмкунандаи Коллеҷи Стейтен Айленд, ш. Ню-Йорк, ШМА;

Соли 2005 – хатмкунандаи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон, ш. Душанбе, ихтисос: ҳуқуқшинос.

Фаъолияти меҳнатӣ:

Солҳои 1998-1999 – атташеи Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони Милали Муттаҳид, ш. Ню-Йорк;

Солҳои 1999-2001 – котиби дуюми шуъбаи созмонҳои байналхалқӣ ва минтақавии Раёсати созмонҳои байналхалқии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе;

Солҳои 2001-2003 – котиби якуми шуъбаи созмонҳои байналхалқӣ ва минтақавии раёсати созмонҳои байналхалқии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе;

Солҳои 2003-2007 – котиби якуми Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия, ш.Брюссел;

Солҳои 2007-2008 – мушовири раёсати ташкилотҳои байналхалқии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе;

Солҳои 2008-2009 – сардори шуъбаи ташкилотҳои байналхалқӣ ва минтақавии Раёсати ташкилотҳои байналхалқии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе;

Солҳои 2009-2011 – сардори раёсати кишварҳои Европа ва Америкаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе;

Солҳои 2011-2014 - мушовири Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Штатҳои Муттаҳидаи Америка, ш.Вашингтон;

Солҳои 2014-2020 - сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Штатҳои Муттаҳидаи Америка, ш.Вашингтон;

Аз 27 апрели соли 2021 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №134 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидааст.

Забонҳои русӣ ва англисиро медонад.

Оиладор, соҳиби 3 фарзанд.

Нигористон

Тақвим