6 феврали соли 2024 мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт оид ба масъалаҳои байналмилалӣ Абдулазиз Сауд ал-Ҷоруллоҳ доир гардид.
Зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, инчунин иштироки ҷониби кувайтӣ дар 3-юмин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, 2018-2028, ки 10-13 июни соли 2024 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan