8 феврали соли 2024 вохӯрии сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон Илҳом Абдураҳмон бо вазири энергетикаи Ҷумҳурии Озарбойҷон Парвиз Шахбозов баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо сатҳи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаро миёни Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар бахшҳои энергетика, бахусус ҷалби сармояи ширкатҳои озарӣ дар татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки соҳаи энергетика, аз қабили бунёди неругоҳҳои нави барқию обӣ ва офтобӣ, рохҳои интиқол ва коркарди нафти хом дар Тоҷикистон ва ҷалби таваҷҷуҳи ширкатҳои бонуфузи озарӣ дар кашфи майдонҳои захираи нафту газ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, мавриди муҳокима қарор доданд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan