9 феврали соли 2024 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин муовини дабири кулли Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) оид ба масъалаҳои башардӯстона, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ, ҳамзамон фиристодаи махсус оид ба Афғонистон Тариқ Алӣ Бахитро ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории исломӣ, инчунин дурнамои роҳандозии иқдомҳои якҷояро мавриди муқокима қарор доданд.
Ҷонибҳо инчунин атрофи қазияҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла вазъи гуманитарӣ дар Афғонистон мубодилаи афкор намуданд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan