21 феврали соли 2024 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Шарифзода сафири фавкулода ва мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алимирзамин Аскеровро ба ҳузур пазируфт.
Ҷонибҳо масъалаҳои мубрами муносибатҳои Тоҷикистону Озарбойҷонро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Сафири Озарбойҷон Ф. Шарифзодаро бинобар таъйин гардидан ба мақоми баланд табрик гуфта, ба ӯ муваффақиятро орзу кард.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan