4 марти соли 2024 дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо дабири кулли Созмони ҳамкории исломӣ Ҳусайн Иброҳим Тоҳо мулоқот анҷом дод.
Дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории исломӣ дар тамоми самтҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак баррасӣ шуд. Зимнан, дар бораи чорабиниҳо ва ҳамоишҳои сатҳи байналмилие, ки баргузории онҳо соли ҷорӣ дар Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, маълумоти муфассал ироа гардид.
Инчунин, ҷонибҳо атрофи қазияҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла ҳолати буҳронӣ дар Фаластин ва вазъи гуманитарӣ дар Афғонистон мубодилаи афкор намуданд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan