Қабули нусхаи эътимоднома аз cафири Бангладеш

14.03.2024 14:58

14 марти соли 2024 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Салим нусхаи эътимодномаи Сафири навтаъйини Ҷумҳурии Мардумии Бангладеш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Мунир-ул-Исломро қабул кард.

Зимни суҳбат перумони ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши ҳамкориҳо ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули афкор сурат гирифт.

Муовини вазири корҳои хориҷӣ cафирро ба муносибати ба ин вазифа таъйин шудунаш табрик намуда, ба ӯ дар амалӣ намудани рисолати дипломатиаш дар Тоҷикистон комёбиҳо таманно намуд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим