Пардабардорӣ аз нимпайкараи Абуабдуллоҳ Рудакӣ дар Лондон

18.03.2024 17:40

16 марти соли 2024 бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар бинои Бахши мутолиаи Шарқӣ ва Африқоии Донишгоҳи Лондон (SOAS), ки яке аз муассисаҳои бонуфузи таҳсилотии Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ ба шумор меравад, пардабардорӣ аз рӯи нимпайкараи сардафтари адабиёти тоҷикӣ-форсӣ, Одамушшуаро Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ баргузор гардид.

Дар маросими ифтитоҳи нимпайкараи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон Рухшона Эмомалӣ ва муовини ректори SOAS профессор Ҷоанна Нюман ширкат ва суханронӣ намуданд.

Дар суханронии хеш, муҳтарам Рухшона Эмомалӣ зикр намуданд, ки хизмати Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ дар такомули забони тоҷикӣ-форсӣ ва поягузории адабиёти оламшумули тоҷику форс беназир буда, маҳз ӯ ва муосиронаш ин забон ва ин адабиётро ба ҳадде сайқал доданд, ки забони тоҷикии форсӣ садсолаҳои оянда ба забони меъёри илму адаб ва давлатдорӣ дар Осиёи Марказӣ, Қафқоз, Осиёи Хурд ва Покистону Ҳиндустон табдил ёфт.

Таъкид гардид, ки забон ва адабиёти тоҷикии форсӣ, ки дар замони Рӯдакӣ ташаккул ёфта, шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо намуд, то имрӯз дар Тоҷикистону Эрону Афғонистон ва дигар кишварҳо мавриди баҳрабардорӣ қарор дошта, барои кулли ориёишиносони ҷаҳон ҳамоно хизмат мекунад.

Пас аз маросими пардабардорӣ, маҳфили илмӣ-фарҳангӣ бахшида ба ҳаёту фаъолият ва осори Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ бо иштироки зиёда аз 200 меҳмон баргузор шуд, ки дар он Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода, инчунин рӯдакишиносон аз ҳисоби олимон ва адибони тоҷику-форс, бритониёӣ, ҳамватанон ва ҳамзабонони бурунмарзӣ иштирок намуда, дар бораи эҷодиёт ва нақши бузурги Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ маърӯза намуданд.

Дар ҷараёни ин маҳфили илмӣ-фарҳангӣ сарояндагон ва ҳунармандони маъруфи тоҷик бо мақсади муаррифии осори бебаҳо ва мактаби мусиқии Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ хотираи меҳмононро бо намунаҳои эҷодиёти ин фарзанди фарзонаи миллат шод гардониданд.

Дар маҷмӯъ ин маҳфили илмию фарҳангӣ, ки дар арафаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ баргузор шуд, ба як тантанаи илму фарҳанги тоҷикон ва таҷлили тоҷиконаи Наврӯзи оламафрӯз дар Британияи Кабир табдил ёфта, боиси муаррифии шоиста аз арзишҳои волои илмию адабӣ ва фарҳангии миллати тамаддунсози тоҷик гардид.

Ҳамчунин, дар пойтахти Подшоҳии Муттаҳида ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аз муовини вазири маориф ва илм Лутфия Абдулхолиқзода ва Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода, ки дар маросими тақдими нимпайкараи Устод Рӯдакӣ дар шаҳри Лондон қарор дошт, бо ташаббус ва мусоидати Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ бо намояндагони Департаменти дастгирии маорифи байналмилалии Вазорати бизнес ва савдо, Мактаби шарқшиносӣ ва африқошиносии Донишгоҳи Лондон, ки ба руйхати панҷгонаи беҳтарин муассисаҳои тахсилоти олии шарқшиносии Британияи Кабир шомил аст, инчунин факултаи форсишиносии Донишгоҳи Оксфорд ва Донишгоҳи Портсмус мулоқотҳои судбахш анҷом доданд.

Зимни вохӯриҳо ҷонибҳо атрофи роҳу воситаҳои таҳким ва густариши ҳамкории босамар суҳбат намуда, дар ин радиф ёддоштҳои тафоҳуми ҳамкорӣ байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва донишгоҳҳои номбурда ба имзо расонида шуд.

 

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

 

Нигористон

Тақвим