20 марти соли 2024 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Шарифзода ҳайати Ҷумҳурии Туркияро, ки таҳти роҳбарии сардори Сарраёсати ҳамкориҳои сиёсии кишварҳои Қафқоз, Осиёи Марказӣ ва Аврупои Шарқии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Меҳмет Самсар дар Душанбе қарор дорад, ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, сайёҳӣ, тандурустӣ, амнияту мудофиа ва илмию фарҳангӣ, инчунин ҳамкориҳои ду кишвар дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan