Вохӯрӣ бо Сафири Ангола

08.06.2016 18:00

8 июни соли 2016 вохӯрии Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ангола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қароргоҳ дар Москва) Жоаким Аугушто де Лемуш баргузор шуд.

Зимни суҳбат роҳҳои барқарор намудани робитаҳо ва рушди ҳамкориҳо дар арсаҳои барои ҳарду ҷониб судманд мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳавасмандии мутақобила ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳо дар ҳошияи СММ ва дигар ниҳодҳои бисёрҷониба изҳор гардид.

Ҷонибҳо ҳамчунин атрофи масоили ҳамкориҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ дар самти мубориза алайҳи чолишҳои муосири амниятӣ табодули назар карданд.

Вохӯрӣ бо Сафири Ангола

Нигористон

Тақвим