9 апрели соли 2024 дар шаҳри Боку вохӯрии сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон Илҳом Абдураҳмон бо вазири экология ва захираҳои табии Ҷумҳурии Озарбойҷон, ҳамраиси Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Озарбойҷон Мухтар Бабаев баргузор гашт.
Зимни мулоқот рафти амалисозии тавофуқҳои миёни ҷонибҳо қаблан бадастомада дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, саноат, нақлиёт, сармоягузорӣ, инчунин масъалаи баргузории ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Озарбойҷон мавриди муҳокима қарор гирифт.
Ҷонибҳо инчунин масоили вобаста ба ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷонро дар доираи Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” ва Иҷлосияи 29-уми Конфронси тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (СОР29) баррасӣ намуданд.
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan