12 апрели соли 2024 дар Минск вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Озарбойҷон Ҷайҳун Байрамов мулоқот анҷод дод.
Роҳбарони ниҳодҳои сиёсати хориҷӣ масъалаҳои омодагирӣ ба сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Озарбойҷонро, ки баргузории он дар даҳаи сеюми майи соли 2024 дар назар аст, ба таври муфассал баррасӣ намуданд.
Миёни вазирон табодули афкор атрофи танзими Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон ва Рӯзҳои синамои тоҷик дар Озарбойҷон, инчунин ҳамоиши соҳибкорони ду кишвар дар даҳаи дуюми моҳи майи соли ҷорӣ табодули сурат гирифт.
Ҳамчунин якчанд масъалаҳои марбут ба ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалӣ баррасӣ шуд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan