Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Беларус

12.04.2024 18:31

12 апрели соли 2024 дар Минск вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Беларус Сергей Алейник мулоқот кард.

Вазирон масъалаи муҳимми муносибаҳои ду кишвар дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, гуманитарӣ ва ғайраро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар бораи омодагӣ ҷиҳати гузаронидани Рӯзҳои фарҳанги Беларус дар Тоҷикистон дар даҳаи сеюми моҳи май ва ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба масъалаҳои тиҷоратию иқтисодӣ дар нимаи якуми моҳи июни соли ҷорӣ табодули афкор сурат гирифт.

Ҳамчунин масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистону Беларус дар доираи СААД ва СҲШ муҳокима гардид.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим