12 апрели соли 2024 дар Минск вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Сарвазир - вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Мурат Нуртлеу мулоқот кард.
Ҳамсуҳбатон масъалаҳои муҳимми муносибатҳои дуҷонибаро мавриди муҳокима қарор дода, атрофи мавзуъҳои тамосҳои дарпешистодаи сатҳи олӣ табодули афкор намуданд.
Ҳамчунин раванди омодагирӣ ба саммитҳои СҲШ, СААД ва Вохӯрии шашуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки баргузории он дар соли 2024 дар Қазоқистон пешбинӣ шудааст, баррасӣ гардид.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan