Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар

16.04.2024 16:47

12 апрели соли 2024 бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейстария, Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон назди Шуъбаи СММ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар Женева таҷлили ҷашни Наврӯз бо иштироки ҳамватанони кишвари иқомат баргузор гардид.  

Дар рафти он дастархони миллӣ, гушаи ҳунарҳои мардумӣ ва рамзҳои Наврӯзӣ – “Ҳафт син” ва “Ҳафт шин” пешкаши ҳозирин гардид.

13 апрели 2024 бо ибтикори Намояндагии доимии Тоҷикистон дар СММ ва бо мусоидати мустақими ҳамватанони фаъоли кишвар дар ИМА  дар яке аз боғҳои хушманзари шаҳри Ню-Йорк ҷашни Наврӯз таҷлил гардид.

Бояд қайд намуд, ки чорабинии мазкур бо иштироки зиёда аз 400 нафар тоҷикони муқими Америка таҷлил гардида, дар он сурфаи идона бо таомҳои миллӣ ва мизи “Ҳафт син” ва “Ҳафт шин” ороста шуда буд.  

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим