22 апрели соли 2024 Котиби давлатии Британияи Кабир оид ба корҳои хориҷӣ, Иттиҳод ва рушди Британияи Кабир лорд Дэвид Кэмерон вориди Тоҷикистон шуд. Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ӯро муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ Исматулло Насредин ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.
Интизор меравад, ки дар чаҳорчӯби ин сафар ӯро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур пазируфта, бо вазири корҳои хориҷӣ низ вохӯрӣ анҷом диҳад. Ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои ду кишвар ва масоили минтақавиро баррасӣ хоҳанд кард.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan