22 апрели соли 2024 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷӣ, Иттиҳод ва рушди Британияи Кабир лорд Дэвид Кэмерон, ки бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овард, мулоқот кард.
Мусоҳибон масоили умдаи рӯзномаи ҳамкориҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор дода, дар ҳошияи ин дидор Созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Подшоҳии Муттаҳидаро оид ба алоқаи ҳавоӣ, ки заминаи ҳуқуқиро баҳри танзими парвозҳои мустақим миёни Душанбеву Лондон фароҳам меорад, ба имзо расониданд.
Шоёни зикр аст, ки дар таърихи муносибатҳои дипломатӣ миёни ду кишвар, ин нахустин сафари Котиби давлатии корҳои хориҷӣ, Иттиҳод ва рушди Подшоҳӣ ба Тоҷикистон мебошад.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan