22 апрели 2024 мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея Салоҳиддин Киром бо директори Маркази байналмилалии амнияти об ва Мудирияти рушд таҳти сарпарастии ЮНЕСКО (UNESCO i-WSSM) Бонгу Шин баргузор гардид.
Зимни суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳоро дар соҳаи об, аз ҷумла иштироки Маркази номбурда дар Конфронси 3-юми байналмилалии сатҳи баланд оид ба “Даҳсолаи байналмилалии об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, ки 10-13 июни соли 2024 дар шаҳри Душанбе доир мегардад, баррасӣ намуданд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan