26 апрели соли 2024 дар шаҳри Боку вохӯрии сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Абдураҳмон бо муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Озарбойҷон Самир Шарифов баргузор гашт.
Ҷонибҳо оид ба масъалаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Озарбоҷон табодули афкор намуданд.
Ҳамзамон зимни мулоқот масъалаҳои омодагӣ ба машваратҳои дуҷонибаи сиёсии ва консулӣ миёни Тоҷикистону Озарбойҷон дар шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Вохӯрӣ дар фазои мусбат ва дӯстона сурат гирифт.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan