29 апрели соли 2024 Ардашер Қодирӣ, сафири Тоҷикистон бо вазири корҳои ҷамъиятӣ ва манзилии Ҷумҳурии Индонезия Басуки Ҳадимулҷоно, мулоқот намуд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунии муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Индонезия ва чорабиниҳои дарпешистода дар соҳаи дипломатияи обиро баррасӣ намуданд.
Таваҷҷуҳи асосии мулоқот ба 10-умин Форуми ҷаҳонии об, ки баргузории он рӯзҳои 18-25 майи соли 2024 дар шаҳри Балии Индонезия ва Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» (10-13 июни соли 2024, Душанбе) дар назар мебошанд, зоҳир гардид.
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan