Мулоқот бо вазири корҳои хориҷӣ ва савдои Маҷористон

30.04.2024 18:46

30 апрели соли 2024 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷӣ ва савдои Маҷористон Петер Сийярто мулоқот намуд. 

Ҷонибҳо зимни суҳбат мавзуҳои мубрами дуҷониба, минтақавӣ ва ҳамкорӣ дар қолабҳои бисёрҷонибаро баррасӣ намуданд.

Ҳамсуҳбатон нақши абзорҳои мавҷудаи муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Маҷористон оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷиро дар тавсеаю таҳкими ҳамкории гуногунҷабҳаи ду кишвар муҳим арзёбӣ карданд.

Дар рафти мулоқот ба масъалаҳои амнияти минтақавӣ ва мубориза бар зидди таҳдидҳои муосир таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Ҳамкории ҳарду кишвар дар доираи Иттиҳоди Аврупо низ аз ҷумлаи мавзуъҳое ба шумор мерафт, ки зимни музокирот мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

 

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим