
3 майи соли 2024 дар шаҳри Банҷули Ҷумҳурии Гамбия дар ҳошияи Саммити исломӣ муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумхурии Тоҷикистон Исматулло Насредин бо Дабири кулли Созмони ҳамкории исломӣ Ҳусайн Иброҳим Тоҳо мулоқот анҷом дод.
Зимни дидор ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории исломиро баррасӣ карданд ва инчунин атрофи қазияҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор намуданд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan