Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардумии Чин

01.03.2013 10:10

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шарқ бо Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳамсарҳад мебошад.

Дарозии умумии сарҳади Тоҷикистону Чин 494,4 км-ро ташкил карда, аз ҳудуди қаторкӯҳҳои Помир дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мегузарад.

Масъалаи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Чин ҳалли худро ёфтааст.

Ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар соҳаи сарҳадӣ мувофиқи шартномаҳои байналмилалии асосии зерин ба роҳ монда шудааст:

- Созишномаҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба сарҳади давлатӣ аз 13.08.1999 ва аз 17.05.2002;

- Протокол байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба демаркатсияи сарҳади давлатӣ аз 27.04.2010;

- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба низоми сарҳади давлатӣ аз 05.06.2012;

- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба нуқтаҳои гузаргоҳи сарҳади давлатӣ ва реҷаи кори онҳо аз 29.12.2011.

Дар сарҳади Тоҷикистону Чин як  гузаргоҳи сарҳадӣ қарор дорад:

 

 

Гузаргоҳҳои сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Минтақаи ҷойгиршавӣ

 

Мақоми гузаргоҳи сарҳади давлатӣ

 

1

Кулма

автомобилгард

ноҳияи Мурғоб,

ВМКБ

 

байналмилалӣ

 

Нигористон

Тақвим