Ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Шарифзода дар Конфронси байналмилалии амнияти ҳастаӣ (ICONS), ки аз ҷониби Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ (АБНА) 20-24 майи соли 2024 дар шаҳри Вена ташкил шудааст, иштирок намуд.
Ф. Шарифзода дар бораи сатҳи таъмини амнияти ҳаставӣ дар кишвар, иқдомҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт, инчунин ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарикони рушд маълумоти муфассал дод.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan