Ҷаласаи ҳамоҳангсозони Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ

21.05.2024 16:17

20 майи соли 2024 ҷаласаи ҳамоҳангсозони Барномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид (СММ) барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (SPECA) таҳти роҳбарии намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи СММ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода ва бо иштироки муовини Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо (UNECE), инчунин намояндаҳои доимии кишварҳои аъзои SPECA дар назди Шуъбаи СММ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар Женева  баргузор гардид.

Дар ҷаласа масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии минтақавӣ дар доираи SPECA ва рӯзномаи кории он дар соли 2024 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Боиси қайд аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон раёсати SPECA-ро дар соли 2024 бар уҳда дорад.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим