Мулоқот бо Сарвазири Ҷумҳурии Лубнон

04.06.2024 08:21

3 июни соли 2024 Сарвазири Ҷумҳурии Лубнон Наҷиб Азмӣ Миқотӣ сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Лубнон Зубайдзода Зубайдуллоро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили вусъат додани робитаҳои судманди Тоҷикистону Лубнон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии хешро барои тавсеаи ҳамкорӣ дар арсаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сайёҳию сармоягузорӣ, инчунин дигар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн иброз доштанд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим