12 июни соли 2024 сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон Фарҳод Салим ба муовини вазири корҳои хориҷии Ҷопон ҷаноби Окона Масатака нусхаи эътимодномаи худро супорид.
Зимни суҳбат ҷонибҳо перомуни ҳолати кунунӣ ва дурнамои тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои мухталиф байни Тоҷикистону Ҷопонро табодули афкор намуданд.
Дар фарҷоми мулоқот муовини вазир ба сафири Тоҷикистон дар амалӣ намудани рисолати дипломатиаш дар Ҷопон комёбиҳо таманно намуд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan