18 июни соли 2024 бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария дар ҳамкорӣ бо Палатаи муштараки савдои Конфедератсияи Швейтсария мизи мудаввар оид ба муаррифии фазои соҳибкорию сармоягузорӣ ва имкониятҳои сайёҳӣ бо иштироки намояндагони мақомоти давлатӣ ва бахши хусусии ду кишвар дар шакли маҷозӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ аз ҷониби вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон - Шералӣ Кабир, муовини якуми директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ - Ҳаким Исмоилзод, намояндагони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва вазорату идораҳои марбутаи кишвар вобаста ба имкониятҳои коркарди маҳсулоти саноатӣ, зарфиятҳои сармоягузорӣ ва аҳамияти рушди соҳаҳои инноватсия ва сайёҳӣ дар Тоҷикистон маърӯза пешниҳод карда шуд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan