“Шаби устод Садриддин Айнӣ” дар Теҳрон

22.06.2024 14:50

18 июни соли 2024 дар Хонаи ҳунармандони Эрон бо ибтикори маҷаллаи “Бухоро” ва дар ҳамкорӣ бо Сафорати Тоҷикистон дар Эрон нишасти фарҳангии "Шаби устод Садриддин Айнӣ" баргузор гардид. Нишасти мазкурро Алии Деҳбошӣ- сардабири маҷаллаи "Бухоро" ифтитоҳ намуда, ба аҳаммияти шинохти шахсият ва осори устод Садриддин Айнӣ дар Эрон ба унвони яке аз маъруфтарин чеҳраҳои олами форсизабон таъкид кард.

Сафири Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ шахсияти Садриддин Айниро мазҳари ҳастии маънавии тоҷикон ва осори мондагори устодро мазҳари дастовардҳои илмиву адабӣ ва фарҳангии мардуми тоҷик дар қарни ХХ номид ва нақши ин абармарди таърихи тоҷиконро дар ҳифзу бақои ҳувияти миллӣ, ҳастии маънавӣ ва арзишҳои фарҳангии тоҷикон дар давраи сарнавиштсози таърихи миллат таъкид намуд.

Суханронони дигари нишасти “Шаби устод Садриддин Айнӣ” – донишмандони айнишиноси Эрон Алиашрафи Шабистарӣ, Масъуди Ирфониён, Ораши Эронпур, Муҳсини Фараҳбар, ҳамчунин муҳаққиқи маъруфи тоҷик Абдулхолиқи Набавӣ (ба сурати маҷозӣ) нукоти муҳиммеро дар бораи паҳлуҳои гуногуни шахсият ва осори Садриддин Айнӣ ва нақши боризи устод дар рушди адабу фарҳанги тоҷикон ва форсизабонон  баён доштанд.

Дар нишасти мазкур ҳамчунин ду асари ҷадиди айнишиносии эронӣ - "Таърихи иҷтимоии Бухоро бар асоси "Ёддоштҳо"-и Айнӣ" (2 ҷилд, таълифи Озито Ҳамадонӣ) ва нашри нави китоби устод Айнӣ  “Ахгари инқилоб” ба хатти форсӣ (таҳиягар Ораши Эронпур) рӯнамоӣ гардид.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

 

Нигористон

Тақвим