26 июни соли 2024 cафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Нурмурод Маҳмадалӣ бо директори рушд ва татбиқи лоиҳаҳои ширкати қатарии “Диёр” дар Тоҷикистон ҷаноби Ид ал-Каҳтанӣ ва директори иҷроияи ширкати саҳомии Urbacon Trading & Contracting (UCC) Жан Элиас Акарӣ мулоқот намуд.
Дар рафти суҳбат идомаи раванди татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ баррасӣ шуданд. Таъкид гардид, ки татбиқи лоиҳаҳо дар бахши сохтмон ва рушди зерсохтори шаҳрӣ дар тавсеа ва таҳкими робитаҳои ду кишвари дӯст нақши муассир мебозад.
Зимни мулоқоти сафир бо роҳбарияти ширкати саҳомии Urbacon Trading & Contracting ҳамкориҳо дар соҳаҳои энергетика, истихроҷи маъдан, кишоварзӣ ва биносозӣ баррасӣ гардида, роҳҳои тавсеаи робитаҳои соҳибкорони ду кишвар дар самти сармоягузории лоиҳаҳои марбут ба зерсохтори саёҳӣ, инчунин истифодаи зарфиятҳои иқтисодию сармоягузорӣ дар Тоҷикистон таъкид гардиданд.
Дар натиҷаи мулоқот ҷонибҳо баргузор намудани вохӯриҳои мунтазами соҳибкорони соҳавии Тоҷикистону Қатарро ҷиҳати баррасии самтҳои мутақобилан судманди ҳамкорӣ зарур шумориданд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan