28 июни соли 2024 дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур муовинони вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қазоқистон С. Имомӣ ва Е. Коннуспаев, сардорони раёсатҳо ва кормандони масъули вазоратҳои корҳои хориҷии ҳар ду ҷониб, муовини ректори Академияи хизмати давлатии назди Президенти Қазоқистон У. Бекиш, ҳайати омӯзгорони академияи болозикр, донишҷӯёни тоҷики донишгоҳҳои Қазоқистон ва намояндагони диаспораи тоҷикон дар кишвари иқомат иштирок намуданд.
Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қазоқистон Х. Ибодзода ҳамаи ҳозиринро бо муносибати ҷашни Ваҳдати миллӣ табрик гуфта, нақши муҳиму таърихсози Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар истиқрори давлатдории миллӣ, раванди барқарорсозии сулҳу ваҳдати миллӣ, инчунин таъмини соҳибихтиёрии Тоҷикистон қайд намуд.
Дар доираи чорабинӣ хӯрокҳои гуногуни миллии тоҷикӣ, барномаҳои консертӣ, намоиши либосу асбобҳои мусиқӣ ва ҳунарҳои дастии мардумӣ пешкаши ҳозирин гардид.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan