Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сарвазири Покистон мулоқот намуд

27.07.2024 13:05

26 июли соли 2024 Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф cафири Тоҷикистон дар Исломобод Шарифзода Юсуфро ба ҳузур пазируфт.

Зимни суҳбат Шаҳбоз Шариф аз сафари расмиаш ба Душанбе ёдовар шуда, аз истиқболи самимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдорӣ кард.

Сарвазир бо изҳори қаноатмандӣ аз тавофуқоти бадастомада дар ҷараёни сафар ёдовар шуда, изҳор дошт, ки пайгирӣ ва иҷрои саривақтии ин санадҳо равобити дуҷонибаро боз ҳам тақвият медиҳад.

Ҳамсуҳбатон ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла маориф, кишоварзӣ, мудофиа ва тавсеаи роҳҳои заминӣ ва ҳавоӣ табодули афкор карданд. Ҳамчунин, дар рафти мулоқот лоиҳаҳои минтақавӣ оид ба рушди коммуникатсия, аз ҷумла CASA-1000 баррасӣ шуд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим