Низоми бераводид байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон мавриди амал қарор мегирад

06.08.2024 11:02

Шурӯъ аз 10 августи соли 2024 Ёддошти тафоҳум байни ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бораи лағви раводид барои дорандагони шиносномаҳои умумишаҳрвандии хориҷӣ мавриди амал қарор мегирад.

Дар асоси Ёддошти тафоҳуми мазкур дорандагони шиносномаҳои умумишаҳрвандии хориҷии ҳарду ҷониб ҳуқуқ доранд дар давоми 90 рӯз аз лаҳзаи вуруди аввалинашон ба муҳлати 30 рӯз бидуни раводид ба ҳудуди тарафҳо сафар намоянд.

Амалишавии низоми бераводид дар марҳилаи аввал танҳо барои нафароне роҳандозӣ мегардад, ки аз масири ҳавоии Душанбе-Теҳрон ва Теҳрон-Душанбе истифода мебаранд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим