Ҳамкориҳо бо Британияи Кабир дар соҳаи муқовимат бо терроризму экстремизм

16.08.2024 11:03

16,08,2024,11,07.jpg

16 августи соли 2024 муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Насредин роҳбари Шабакаи Подшоҳии Муттаҳида оид ба муқовимат бо терроризм ва экстремизм дар Осиё ва Уқёнус Крис Фелтонро ба ҳузур пазируфт.

Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо раванди кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои амалии дуҷонибаро дар самти пешгирӣ ва мубориза бо терроризму экстремизм бо назардошти тамоюлҳои минтақавӣ баррасӣ намуданд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим