13 августи соли 2024 дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон чорабинӣ оид ба муаррифии имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон баргузор гардид.
Зимни баромад сафири Тоҷикистон дар Покистон Юсуф Шарифзода доир ба муҳимтарин ибтикороти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди соҳаи сайёҳӣ баромад намуда, имкониятҳои фаровони сайёҳӣ, таъриху тамаддуни қадим ва фарҳанги оламшумури тоҷиконро муаррифӣ намуд.
Муовини раиси Корпоратсияи рушди сайёҳии Покистон зимни баромади худ ҳадафи баргузории чунин чорабинии муштаракро ба афзоиш ёфтани таваҷҷуҳи доираҳои туризм ва иттилоотии Покистон ба иқтидори бузурги сайёҳии Тоҷикистон рабт дод.
Дар ниҳояти чорабинӣ байни ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистону Покистон 10 ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расид.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan