27 августи соли 2024 дар шаҳри Боку вохӯрии сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Абдураҳмон бо вазири рушди рақамӣ ва нақлиёти Ҷумҳурии Озарбойҷон Рашад Набиев баргузор гашт.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои мубодилаи таҷриба дар бахши татбиқи ҳукумати электронӣ ва технологияҳои рақамӣ, ҳамоҳангсозии ҳамкориҳо дар доираи коммуникатсияҳои минтақавии нақлиётӣ, аз ҷумла афзоиши боркашонӣ тавассути Долони нақлиётии Миёна ва барқарорсозии парвозҳо дар хатсайри Душанбе-Боку-Душанбе, инчунин иштироки намояндагони бахши соҳавии Тоҷикистон дар иҷлоси 29 Конфронси тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим дар ш. Боку баррасӣ гардиданд.
Ҳамзамон роҷеъ ба дигар масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои соҳавии дуҷониба миёни Тоҷикистону Озарбойҷон табодули афкор сурат гирифт.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan