Интихоб гардидани намояндаи Тоҷикистон ба сифати муовини мудири кулли Созмони исломии амнияти озуқаворӣ

03.09.2024 16:17

Намояндаи Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ барои ишғол намудани вазифаи муовини мудири кулли Созмони исломии амнияти озуқаворӣ (IOFS) (қароргоҳ дар ш.Остона) пешниҳод гардид.

Аз миёни намояндагони 14 кишвари аъзои ин Созмон бо қарори Кумитаи иҷроияи IOFS Хусрав Нозирӣ ба ҳайси муовини мудири кулли ин Созмон интихоб гардид.

Кормандони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Х.Нозириро барои интихоб шуданаш ба ин вазифа муборакбод гуфта, дар фаъолияти минбаъдааш бурдбориҳоро хоҳонанд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим