Лоиҳаи мусоидат дар идора намудани сарҳадоти Афғонистони шимолӣ (БОМНАФ)

01.03.2013 10:10

Лоиҳаи БОМНАФ 13 декабри соли 2010 оғоз гардида, аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ ва аз ҷониби Барномаи рушди СММ (БРСММ) татбиқ мегардад. Буҷаи умумии лоиҳа 10 709 505 доллари ИМА-ро ташкил дода, асосан барои ташкил намудани низоми сарҳадӣ дар қисмати шимолии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон пешбинӣ шудааст.

Лоиҳа барои паст кардани сатҳи ҷинояткорӣ, баланд бардоштани иқтидор барои мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, терроризм ва таъмини амният дар Сарҳади Афғонистон бо Тоҷикистон ва Ӯзбекистон равона шудааст.

Мақсадҳои асосии БОМНАФ устувор гардонидани иқтидор ҷиҳати идора намудани сарҳад ва рушди ҳамкории фаромарзӣ дар музофотҳои шимолии Афғонистон, афзун гардонидани тиҷорати қонунӣ ва убури қонунии Сарҳади Афғонистон бо Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, таъмин намудани шароити мусоид барои мустаҳкам гардонидани боварии тарафайн, рушди минтақавӣ, танзим ва рафъ намудани низоъҳо ва таъмини амнияти инсон мебошанд.

Нигористон

Тақвим