Мулоқот бо намояндаи Бонки ҷаҳонӣ

26.09.2024 14:55

26.09.2024.11.18.jpg

25 сентябри соли 2024 дар ҳошияи иштирок дар Иҷлоси 79-уми Маҷмаи Умумии СММ мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо мудири глобалии Бонки ҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим Ҷенифер Cара доир гашт.

Дар рафти мулоқот масъалаи омодагӣ ба Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки моҳи майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст, мавриди арзёбӣ қарор гирифт. Тавофуқ ҳосил шуд, ки дар баробари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ ва ЮНЕСКО, Бонки ҷаҳонӣ дар таҳияи мундариҷиавии ҳамоиши зикршуда, саҳм хоҳад гирифт.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan


Нигористон

Тақвим