Вохӯрии сафири Тоҷикистон бо котиби давлатии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Молдова

01.10.2024 16:59

01.10.2024.16.55.jpg

27 сентябри соли 2024 дар шаҳри Кишинёв, мулоқоти сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Молдова бо қароргоҳ дар Киев Давлаталӣ Назризода бо котиби давлатии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Молдова Сергей Михов баргузор гардид.

Зимни мулоқот, ки дар фазои дӯстона доир шуд, ҷонибҳо дар атрофи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Молдова дар самтҳои мухталиф, ҳамчунин оид ба ҳамкориҳои ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор намуданд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим