Мулоқот бо вазири молияи Давлати Кувайт

01.10.2024 18:22

01.10.2024.18.19.jpg

30 сентябри соли 2024 мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдзода Зубайдулло бо вазири молия, вазири давлатӣ оид ба умури иқтисодӣ ва сармоягузорӣ ва иҷрокунандаи вазифаи вазири нафти Давлати Кувайт Нура Сулаймон ал-Фассом доир гардид.

Дар мулоқот ҷонибҳо перомуни тақвияти равобит дар самтҳои иқтисод ва тиҷорат, инчунин фаъол намудани нақши Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, илмӣ ва техникӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт табодули афкор намуданд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим