9 октябри соли 2024 мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон Илҳом Абдураҳмон бо раиси Агентии рушди соҳибкории хурду миёнаи Ҷумҳурии Озарбойҷон (KOBİA) Орхон Мамедов баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба рафти ҳамкориҳои соҳавӣ ва дурнамои рушди муносибатҳо миёни доираҳои тиҷоратии ду кишвар табодули афкор намуда, баҳри густариши робитаҳои соҳибкорон пешниҳодҳои муфид ба миён гузоштанд.
Ҷонибҳо омодагӣ ва ҳавасмандии хешро дар таҳким ва густариши ҳамкориҳои дуҷониба иброз дошта, қайд намуданд, ки баҳри тақвияти он тадбирҳои мушаххас меандешанд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan