11 октябри соли 2024 бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон таҷлил гардид. Дар маросим муовини якуми Сарвазири Қазоқистон Р.Скляр, роҳбарон ва намояндагони мақомоти давлатӣ, корпуси дипломатии муқими Қазоқистон, созмонҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятӣ, аҳли илму ҳунар, доираҳои соҳибкорони кишвари иқомат ва ҳамватанон ширкат варзиданд.
Зимни сухаронии худ сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон Х. Ибодзода оид ба рушди кишвар ва дастовардҳои он дар даврони Истиқлолият сухан ронда, нақши муассири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ин раванди тақдирсози давлатдории тоҷикон қайд намуд.
Зимнан густариши муносибатҳои байналмилалӣ ва афзоиши нуфузу эътибори Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи ҷаҳонӣ ва рушди бемайлони равобити дӯстона ва ҳамкориҳои судманди кишварамон бо Ҷумҳурии Қазоқистон таъкид гардид.
Дар ҳошияи баргузории чорабинии мазкур намоишгоҳ ороста шуд, ки дар он имкониятҳои сайёҳӣ, китобҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили либосҳои миллӣ, сӯзанӣ, чакан, намунаҳои ресандагиву бофандагӣ, мусаввараҳои миллӣ, ашёи сангину чӯбини миллӣ, кордҳои миллӣ, асбобҳои мусиқӣ ва ғайра ба намоиш гузошта шуданд.
Гузашта аз ин, ҳунармандони Академияи хореографии гуруҳи “НОМАД”-и кишвари иқомат бо рақсҳои анъанавии тоҷикӣ табъи меҳмононро болида намуданд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan