Муносибатҳои Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо

18.01.2024 10:09

Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо соли 1992 оғоз ёфта, бо ифтитоҳи Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Иттиҳоди Аврупо соли 2001 ва Намояндагии Комиссияи Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз соли 2009 Намояндагии Иттиҳоди Аврупо) соли 2004 фаъол гардиданд.

Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Иттиҳоди Аврупо ҷаноби Музаффар Маҳмурод Ҳусейнзода (июли 2023) ва роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Раймундас Кароблис (ноябри 2022) таъйин шудаанд.

Мушорикат миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ба ду ҳуҷҷати стратегӣ асос меёбад: 1. Созишномаи шарикӣ ва ҳамкорӣ (СШҲ) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, ки соли 2004 ба имзо расида, моҳи январи соли 2010 ба қувваи амал даромадааст, ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупоро танзим менамояд. 2. Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ, ки соли 2019 қабул гардид, равобити кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупоро танзим менамояд. 3. Харитаи роҳи таҳкими робитаҳо миёни Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо, ки соли 2023 қабул гардид, ба ҷонноккунии мушорикати судманди байниминтақавӣ дар арсаҳои сиёсию амниятӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, энергетикаву иттисол ва робитаҳои байнимардумӣ равона шудааст.

Ба манзури баланд бардоштани сатҳу сифати робитаҳои дуҷониба, соли 2019 Тоҷикистон ба Иттиҳоди Аврупо пешниҳод кард, то ҷонибҳо муштаракан заминаҳои шартномавӣ-ҳуқуқии ҳамкориҳои гуногунҷабҳаро тавассути таҳия ва тасвиби санади нави бунёдӣ такмилу таҷдид намоянд. Ҳамин тариқ, моҳи феврали соли 2023, дар шаҳри Душанбе тарафҳо ба ҷараёни музокиротӣ атрофи Созишномаи нави шарикӣ ва ҳамкории тавсеаёфта (СШҲТ) расман ҳусни оғоз бахшиданд.

Иттиҳоди Аврупо дар доираи Барномаи бисёрсолаи индикативӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо буҷаи махсус барои солҳои муайян қабул мешавад, ба рушди бахшҳои мухталиф дар Тоҷикистон, алалхусус маориф, тандурустӣ, рушди деҳот, энергетика, ҳифзи муҳити зист ва захираҳои об, идоракунии сарҳадот, мубориза алайҳи маводди мухаддир ва ҷинояткорӣ, таъмини волоияти қонун ва нақлиёту коммуникатсия мусоидат мекунад.

Мулоқоти сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Президенти Шурои Аврупо - абзори наве мебошад, ки шуруъ аз соли 2023 инҷониб нишастҳои он баргузор гардида истодаанд.

Шурои ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо абзори асосии дуҷониба ба ҳисоб рафта, зимни нишастҳои он самтҳои калидии ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо дар мавзӯоти сиёсию амниятӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, гуманитарӣ, ҳуқуқи инсон ва масоили байналмилалию минтақавӣ баррасӣ мегарданд. Ҷаласаи 10-уми Шурои ҳамкорӣ 26 юни соли 2023 дар шаҳри Люксембруг бо ҳамраисии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Шветсия барпо гардид.

Ҳамчунин, ҳамасола ҷаласаҳои Кумитаи ҳамкорӣ ва Зеркумитаи рушди ҳамкорӣ, Муколамаи ҳуқуқи инсон ва Кумитаи ҳамкории байнипарлумонӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо мунтазам баргузор карда мешаванд. Дар ин ҷаласаҳо густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, энергетика, муҳити зист, об, мавзуи пайвастшавии Тоҷикистон ба Низоми умумии бархурдории тиҷорати GSP+, волоияти қонун ва ҳуқуқи инсон мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Стратегияи Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ, ки моҳи июни соли 2019 қабул шудааст, равобити бисёрҷонибаи Иттиҳодро бо Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамҷавор мушаххас мекунад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар доираи абзорҳои минтақавии Мулоқоти сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Президенти Шурои Аврупо, Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо, Муколамаи сатҳи баланди сиёсию амниятӣ, Анҷумани иқтисодӣ ва Форуми ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки ҳамасола ё дар ду сол як маротиба барпо мегарданд.

Дар Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо ҷонибҳо ҳолати кунунии муносибот ва дурнамои таҳкими ҳамкорӣ байни Осиёи Марказӣ ва Аврупоро дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ, обу энергетика, амният, мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароӣ, муҳити зист, тағйирёбии иқлим муҳокима карда, перомуни масоили умдаи байналмилалӣ табодули андеша мекунанд.

Дар нишасти Анҷумани иқтисодии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкории давлатҳои ду минтақа бо ҷалби бахшҳои хусусӣ дар мавзӯоти марбут ба иқтисоду сармоягузорӣ баҳсу баррасӣ мешаванд.

Форуми ҷомеаи шаҳрвандӣ дар шакли озод баргузор гардида, иштирокчиён  дар мавзӯъҳои гуногуни соҳавӣ суҳбат менамоянд. Аз ҷумла, намояндагони ду минтақа бобати нақш ва саҳми ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ташаккули давлат, аҳаммияти равиши ҳамгироӣ барои сохтани ҷомеаи устувор бо таваҷҷӯҳ ба гурӯҳҳои осебпазир, аз қабили ҷавонон, занон, маъюбон, зарурати густариши ҳамкорӣ дар татбиқи тарҳҳои муштарак дар бахши рақамисозӣ, маориф ва тандурустӣ ибрози андеша менамоянд.

Ҳамкории Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо дар самти маориф дар доираи барномаҳои Темпус, Эразмус Мундус ва Эразмус+-и Иттиҳоди Аврупо, ки барои ба ҳам овардани донишгоҳҳои Тоҷикистону Аврупо ва амалисозии барномаҳои таҳсиливу табодули донишҷӯён мусоидат мекунанд,  сурат мегирад.

Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо дар доираи ташаббуси “Дарвозаи ҷаҳонӣ” (Global Gateway) низ ҳамкорӣ дорад. Технологияҳои рақамӣ, энергетика ва иқлим, нақлиёт, тандурустӣ, маориф ва тадқиқот панҷ самти асосии сармоягузории Аврупо дар доираи ин ташаббус мебошанд. Тоҷикистон дар чорабиниҳои сатҳи баланд, форумҳо, панелҳо ва мулоқот вобаста ба ин масъала ширкат мекунад.

Дар чаҳорчӯби барномаҳои мушаххаси дуҷониба ва байниминтақавӣ дар роҳи пешгирии таҳдидҳо, Иттиҳоди Аврупо аз соли 2003 инҷониб баҳри таъмини  амнияти минтақавӣ якчанд лоиҳаро дар чаҳорчӯби «Барномаи мусоидат ба идораи марзҳои Осиёи Марказӣ» (БОМКА) ва «Барномаи пешгирии маводди мухаддир ба Осиёи Марказӣ» (CADAP) амалӣ менамояд. Шуруъ аз соли 2020, ИА татбиқи лоиҳаи «Ба эътидол овардани минтақаи ҷануби сарҳадии Тоҷикистон бо Афғонистон»-ро ҷиҳати дастгирӣ ва таҳкими зарфияти Қӯшунҳои сарҳадӣ ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ маблағгузорӣ менамояд.

Дар рушди муносибатҳои ҳарду ҷониб сафарҳои расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Иттиҳоди Аврупо (шаҳри Брюссел) ва Намояндагони олии Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон нақши муҳим доранд.

                                                                                                                                                                                                                                                                                                                               17.03.2025

Нигористон

Тақвим