24 октябри соли 2024 дар шаҳри Душанбе нишасти навбатии Платформаи шарикӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо барпо гардид.
Дар чорабинӣ ҳайати Тоҷикистонро муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ Исматулло Насредин ва ҳайати САҲА-ро иҷрокунандаи вазифаи Дабири кулли ин созмон Кейт Фирон роҳбарӣ намуданд.
Дар нишасти мазкур намояндагони мақомоти дахлдори кишвар ширкат варзида, ҷонибҳо фаъолияти САҲА-ро дар Тоҷикистон дар чорчӯби се ченаки ҳамкорӣ: низомӣ-сиёсӣ, иқтисодӣ-муҳитизистӣ ва инсонӣ баррасӣ карданд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan