30 октябри соли 2024 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин намояндаи доимии БРСММ дар Тоҷикистон Ленни Монтиелро ба ҳузур пазируфт.
Мулоқот ба муносибати ба анҷом расидани мӯҳлати фаъолияти Л. Монтиел дар Тоҷикистон танзим гардид.
Дар ҷараёни мулоқот ҳамсуҳбатон ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Барномаи рушди СММ-ро баррасӣ намуда, масоили мутааллиқ ба лоиҳаҳои дар Тоҷикистон татбиқшавандаро матраҳ карданд.
Дар фарҷом вазири корҳои хориҷӣ бо изҳори сипос аз фаъолияти пурсамари роҳбари БРСММ дар Тоҷикистон, ба мавсуф муваффақият ва бурдбориҳоро таманно намуд.