Муносибатҳои Тоҷикистон бо Люксембург
Робитаҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гертсогии Бузурги Люксембург 22 майи соли 1992 барқарор шудаанд.
Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Белгия ҳамзамон Сафорати ғайримуқими кишвар дар Люксембург маҳсуб мешавад. Қароргоҳи Сафорати Люксембург дар Тоҷикистон дар ш.Москва мебошад.
Аз давраи барқарорсозии робитаҳои дипломатӣ, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ду маротиба ба Люксембург сафар намудааст. Дар рафти сафари худ моҳи октябри соли 2004, роҳбари давлат бо Сарвазир Жан Клод Юнкер мулоқот анҷом дода, дар партави он сафар Созишномаи шарикӣ ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ба имзо расида буд.
Рӯзҳои 8-10 июни соли 2011 сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Гертсоггарии Бузурги Люксембург сурат гирифт. Дар рафти сафар, сарвари давлат бо Гертсоги Бузург Ҳенри, Сарвазири кишвар Жан-Клод Юнкер, Раиси Парлумон Лоран Моузер ва як қатор ашхоси расмӣ ва доираи соҳибкорони Люксембург мулоқотҳои муфиду созанда анҷом дод.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон инчунин дар ҳамоиши доираи соҳибкорон ширкат варзида, имконоти густариши робитаҳои тиҷоратӣ-иқтисодиро бо ин кишвар муаррифӣ намуд.
Дар анҷоми мулоқотҳо, Созишнома оид ба канорагирӣ аз андозсупории дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад, Созишнома байни Ҳукумати ҶТ ва Ҳукумати Люксембург дар бораи алоқаи ҳавоӣ ва Созишномаи ҳамкорӣ байни Палатаи савдо ва саноати ҶТ ва Палатаи савдои Люксембург ба имзо расиданд.
19 июли 2010 Вазири корҳои хориҷии Люксембург Жан Асселборн ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, зимни он бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ мулоқот доир намуд.
17 майи соли 2017 дар шаҳри Люксембург Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов бо Вазири корҳои хориҷӣ ва аврупоии Гертсогии Бузурги Люксембург Жан Аселборн вохӯрӣ намуд. Ҷонибҳо натиҷаҳои сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро ба Люксембург солҳои 2004ва 2011 баланд арзёбӣ намуда, пешниҳод гардид, ки барои тақвияти ҳамкориҳои ду ткишвар абзори машваратҳои сиёсӣ таъсис дода шавад.
Ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Люксембург дар соҳаҳои иқтисод ва тиҷорат ба таври кофӣ фаъол инкишоф наёфтааст.
Ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла СММ, САҲА ва ғ. ҳамкории зич доранд.