Муносибатҳои Тоҷикистон бо Латвия

01.03.2013 10:10

Муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Латвия  11 майи соли 1994 барқарор шудаанд.  

Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Латвия Маҳмадшариф Ҳақдод (бо қароргоҳаш дар Минск) мебошад.

Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Латвия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Михаилс Попковс (бо қароргоҳаш дар Тошканд) мебошад.

Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Латвия дар соли 2009 рӯйдоди муҳим дар таърихи муносибатҳои Тоҷикистону Латвия ба шумор меравад.

Соли 2009 сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Латвия, ҷаноби Валдис Затлерс ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт.

Соли 2014 сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Латвия, ҷаноби Андрис Берзинш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барпо гардид.

Соли 2009 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тағйири номи қуллаи «Латвияи Шӯравӣ» ба «Қуллаи Латвия» қарор қабул намуд.

Ҳар сол, тавассути барномаҳои таълимӣ оид ба қонуни аврупоӣ ва иқтисодӣ барои кишварҳои Шарикони Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ дар Мактаби баъдидипломии Рига шумораи муайяни шаҳрвандони Тоҷикистон барои такмили ихтисос ба Латвия фиристода мешаванд.

 

Нигористон

Тақвим